Мақомоти шаҳрдории пойтахт ва дастгоҳи президент то имрӯз ба муроҷиати хаттии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар бораи мусоидат ба баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар яке аз толорҳои бузурги пойтахт посух нагуфтаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит хабар дод.
Ӯ хотирррасон намуд, ки бо дархости хаттии мазкур раиси ҲНИТ рӯзи 30-юми сентябр ба раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва 10-уми ноябр ба роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода муроҷиат кардааст.
«Мутобиқи моддаи 15-и қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», мо барои ҷудо кардани толори муносиб барои баргузор намудани анҷумани пешазинтихоботӣ, ки дар кори он беш аз 500 нафар вакилони аллакай интихобшуда ва ҳудуди 200 нафар меҳмонон ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд, мусоидат дархост намудем», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии ҲНИТ иборат аз 20 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон эълон хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки баргузории анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон санаи 16-уми декбари соли равон дар назар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста