Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “мо САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.
Ба муносиботи дӯстии дуҷониба ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Швейтсария низ аз ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон зарурати таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои ба ҳарду ҷониб судбахш таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар се самти афзали он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ зоҳир карда шуд.
Дар ин замина ба фаъолияти Дафтари САҲА ва Коллеҷи марзбонии ин созмон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Баррасии масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.
Дар робита ба муносиботи Тоҷикистону Швейтсария, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби ин давлат барои дастгирии рушди иҷтимоию зербиноии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо шудаанд ва соли равон барои ҷудо намудани боз 19 миллион се созишномаи нави дуҷониба ба имзо расид.
Ба Швейтсария ҳамчунин барои нақши намоёнаш дар роҳандозии ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ва Созмони ҷаҳонии савдо изҳори қадрдонӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста