Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда 24 номзад ба вакилиро пешбарӣ мекунад.
Сухангӯи ҲАТ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҳизбии ҲАТ 10 нафар номзадҳо ба вакилӣ шомил гардида, боз 14 нафар намояндагони ҳизб дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ барои курсии вакилӣ дар парлумон рақобат хоҳанд кард.
«Ба анҷумани VI Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми декабр дар Душанбе доир мегардад, 210 нафар вакилон аз тамоми манотиқи кишвар интихоб гардида, ҳамчунин 40 нафар намояндагони ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ ба кори анҷуман даъват шуданд», -гуфт ӯ.
Зиё Раҳмон зикр кард, ки пас аз даргузашти раиси пешинаи ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон, академик Амир Қаракулов рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ, ҳизбро се муовини ӯ ва аслан муовини аввал, собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода роҳбарӣ мекунанд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳояш ҳудуди 30 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад ва дар палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ соҳиби ду курсии вакилӣ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста