Дар Форуми дуюми ҷамъиятии Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёӣ: дастовардҳо ва мушкилот» раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мутмаинона изҳор намуд, ки ҳизби ӯ ба ҳамкорӣ бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор, ҳукумат ва сохторҳои дахлдор баҳри коҳиши таҳдидҳои марбут ба тундгароӣ (радикализм) омода аст.
«Имрӯз масъалаи мубориза бо тундгароӣ ҳамаи мо, аз ҷумла аҳзоби сиёсии минтақаро нигарон сохтааст. Мо бар ин назарем, ки танҳо бо роҳи зӯроварӣ ва истифода аз нерӯ ҳалли ин мушкилот ғайриимкон аст. Дар ин самт андешидани маҷмӯи тадбирҳои дорои хусусиятҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ зарур аст», - иброз доштааст Кабирӣ зимни суханронӣ дар форум.
Ба андешаи раиси ҲНИТ, тавсеъаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон бояд ҳамчун омили муҳими пешгирии тундгароии сиёсӣ ва динӣ баррасӣ шавад. «Бо назардошти манфатҳои давлату халқ, ҳизби мо саъюу талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамаи сохторҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои минтақаро дастгирӣ мекунад», - таъкид доштааст М.Кабирӣ.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки робитаҳои бештар наздики иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ҷавобгӯи орзую омоли мардум аст, ки тибқи назарпурсии ахир, бештар равандҳои ҳамгиройӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар минтақаро писандидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста