Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ояндаи наздик барои тахриби бинои дафтари кории ҳизб дар шаҳри Хуҷанд аз болои мақомоти шаҳрдорӣ ба суд шикоят бурданист.
Муовини раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзо Ҳоҷимуҳаммад дар ин робита изҳор доштааст, санаи 17-уми июн зимни тахриби бино ба онҳо итминон дода буданд, ки арзиши бино аз ҷониби ҳукумат ҷуброн шуда, барои сохтмони бинои нави дафтари кории ҳизб қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
«То ҳол ҳукумат шаҳр барои тахриби бинои дафтари кории ҳизб ҷубропулӣ напардохта, барои сохтмони бинои нави дафтари корӣ қитъаи замин ҷудо накард», - гуфтааст ӯ.
Ба қавли ӯ, тибқи муқаррароти Кодекси замини ҶТ,камаш як сол пеш аз гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ, заминистифодабаранда бояд ба таври хаттӣ огоҳонида шуда,ҳамчунин, бояд баъди ба соҳиби замин ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш, дар маҳали нав сохта додани бинои баробарарзиш ё пардохтани шакли пули арзиши он ва ҷуброни ҳаҷми пурраи ҳамаи зарарҳои расондашуда анҷом дода мешуд.
«Чанд рӯз қабл ба муроҷиатҳои сершумори ҳизб аз шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии (МИХД) посух расид, ки дар он гуфта мешавад, мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд, ки бо қарори ҳукумат моҳи октябри соли 2010 тасдиқ гардидааст, ки сохтмони бинои нави дафтари кории ҲНИТ пешбинӣ нашудааст», - иброз дошт намояндаи ҳизб.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста