- Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон на камтар аз созмони террористии «Толибон» ё гурӯҳи «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) барои ҷомеа хатарнок аст, - иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» директори Маркази равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа Ҳафиз Бобоёров.
Дар шарҳи изҳороти раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ оид ба айбдоркунии чанде аз олимон ба бекориву бадномкунӣ, Бобоёров таъкид дошт, ки фаъолияти маркази таҳти раҳбарии ӯ қарордошта дар таҳлили рӯйдодҳо дар дунё, аз ҷумла дар ҷаҳони ислом ва ба маълумоти ҷомеа расонидаи онҳо ифода меёбад.
«Мақолаҳои тайи чанд моҳи ахир интишоршуда аз ҷониби кормандони марказ дар ВАО оид ба таҳдидҳои ҲНИТ барои ҷомеаи дунявӣ, пешгӯиҳои олимони мо ва назару андешаҳои онҳо дар бораи ин ё он рӯйдод ба ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида дахл надоранд, - қайд кард Бобоёров. – На ман ва на кормнадони марказ ҳеҷ гоҳ алайҳи ҲНИТ бо имзои мустаор мақолае рӯйи чоп наовардаанд. Тамоми мақолаҳои аз ҷониби мо интишоргардида дар бораи ин ҳизб ва пешвои он бо ному насаби воқеъии мо ба чоп мерасад».
Доктори улуми фалсафа ҳамчунин изҳор кард, ки ҲНИТ бо шиорҳои бардурӯғи демократӣ ва назарҳои бесару нӯги худ бояд аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон канор биравад. «Мо, олимони марказ, минбаъд низ аҳолии кишварро аз рӯйдодҳои муосири ҷаҳон огаҳ сохта, зарурат надоштани ҳизби динӣ дар ҷомеаи муосирро аз нигоҳи илмӣ собит мекунем», - зикр кард Бобоёров.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳошияи сафар ба Русия раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Маскав бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот кард.
Ӯ онҳоро ба иштироки фаъолона дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда дар ҷумҳурӣ даъват намуда, як қисмати муайяни кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистонро, ки аз ҳисоби андозсупорандагон зиндагӣ карда, барои рушди илми тоҷик ҳеҷ коре анҷом намедиҳанд, мавриди интиқод қарор дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста