Шоми 3-юми декабр раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нимаи аввали рӯзи 4-уми декабр дидору гуфтушуниди раиси парлумони Афғонистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст. Абдул Рауф Иброҳимӣ ба ВКД ва Вазораи адлияи ҶТ низ ташриф меорад.
«Дар ҷараёни дидор ва гуфтушунидҳои раиси парлумони Афғонистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки раиси парлумони кишвари ҳасоя ҳамчунин аз Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ, маҷмааи фарҳангиву фароғатии «Кохи Наврӯз» ва нерӯгоҳи барқи обии Норак низ боздид хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки намояндаи аққалияти миллии ӯзбекҳои Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ моҳи феврали соли 2011 раиси парлумони ин кишвар интихоб шуда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста