Муҷассамасози тоҷик тарҳи нахустин нимпайкара (бюст)-и президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро омода кард. Нимпайкараи 40-сантиметра аз санги мармар сохта шуда, муаллифаш Алиҷон Бобошарипов мебошад, ки рӯйи омодасозии ин тарҳ муддати ним сол кор кардааст.
Роҳбари Бунёди мусаввирони Тоҷикистон Олимхон Рабиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин нимпайкараи Қаҳрамони миллии Тоҷикистонро онҳо ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ тақдим карданианд, то ки он дар толори махсуси осорхона, ки дар он туҳфаҳо ба сарвари давлати Тоҷикистон ҷойгиранд, ба маърази тамошо гузошта шавад.
«Аз ин рӯ, мо ба раҳбарияти Осорхонаи миллӣ бо чунин пешниҳод муроҷиат кардем, вале то ҳол аз онҳо дар ин бора посух нарасидааст», - иброз дошт Олимхон Рабиев ва илова намуд, ки Бунёди мусаввирон барои омода намудани нимпайкараи сарвари давлат фармоишҳо қабул мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста