Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон санаи 11-уми декабр дар Душанбе барои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мизи гирд барпо карданист.
Раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз зимни ҷаласаи КМИР дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ бо иштироки тамоми аъзои КМИР пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.
«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба пешвоёни аҳзоби сиёсӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», - гуфт Шоҳиён ва илова намуд, ки дар ин мулоқот намояндагони васоити ахбори умум низ метавонанд иштирок кунанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста