Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз аъзои ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шуд, ҷонибдорӣ намуд.
Ба ҳайси раиси нави КМИР Тоҷикистон ба муҳлати нав ғайриҳизбӣ Шермуҳаммади Шоҳиён интихоб гардида, ба вазифаи муовини ӯ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидбой Зокиров тасдиқ шуд.
Шахсони зерин ба аъзогии ҳайати нави КМИР тасдиқ шуданд: аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон – Зиё Раҳмон, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – Ҷамолиддин Маҳмуд, аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – Вера Наимова, аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – Олим Ёрматов, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон - Юсуфбек Шодмонбеков, Аз ҲХДТ – Маҳмадёр Раҷабов ва Муҳистон Азизова ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Муҳаммадборон Зойиров. Ба ҳайати нави КМИР аз ҷониби президент намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон пешниҳод нагардид.
Ғайр аз ин, ба ҳайати КМИР ҶТ шахсони ғайриҳизбии зерин низ шомил гардиданд: Нуралӣ Саидов – котиб-ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов – раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов – ҳуқуқшинос, Иззатулло Алиев – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муҳаббат Файзова – раиси ҷамоати Оби Киики ноҳияи Хуросон.
Ҳамин тариқ, ҳайати нави КМИР дар муқоиса бо ҳайати кунуниаш усулан тафовут надорад. Танҳо ду нафари нав – Муҳаббат Файзова ва Маҳмадёр Раҷабов ба ҳайати он шомил гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳайати пешинаи КМИР низ намояндаи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳузур надошт.
Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуд, ки ҳайати нави КМИР масъулияти ба дӯшаш вогузоршударо ба хубӣ дарк мекунад.
«Мо барои иҷрои талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ва дастур супоришҳои президенти Тоҷикистон дар робита ба баргузории интихоботи шаффофу демократии ба санаи 1-уми марти соли оянда таъиншуда ҳамаҷониба талош варзида, барои тамоми аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ шароити якхела фароҳам мекунем», - қайд кард Шоҳиён.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста