Дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи дониши номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи пешниҳоди аризахо дар бораи бақайдгирӣ, дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ дар муддати як соат уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.
«Аъзои палатаи болоии парлумон, ки аз ҷониби президент таъин карда мешаванд, то имзои фармони мазкури сарвари давлат, низ бо чунин тарз мавриди санҷиш қарор дода мешаванд», - қайд кард Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, КМИР аллакай мавзӯъҳои суҳбат бо номзадҳо ба вакилиро тасдиқ кардааст. «Суҳбатҳо дар мавзӯъҳои Конститусияи ҶТ, истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, шаҳри Душанбе, танзими расму оин ва анъанаҳои миллӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, нерӯгоҳи Роғун ва ғайра сурат мегиранд», - гуфт намояндаи КМИР.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки сатҳи дониши забони тоҷикии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ низ бо чунин тарз санҷида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста