Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот аз сатҳи кунунии ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ бо Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуд.
Зимни суханронӣ дар конфронси имрӯзаи байнулмилалӣ оид ба ченкунӣ ва мониторинги сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот қайд кард, ки айни замон ҳукумати ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад ва таъкид намуд, ки «яке аз ҳадафҳои ҳамкории мо коҳиши сатҳи камбизаотӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст».
Дипломати амрикоӣ бар ин назар аст, ки ИМА ва тамоми созмону ташкилотҳои мадарасон бояд ба рушди иқтисодӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат намоянд.
«Муддати якчанд сол аст, ки ман дар Тоҷикистон фаъолият дорам ва бояд бигӯям, ки аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи мо бо ҳукумати Тоҷикистон мутаассирам», - афзуд сафир.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2012 Сюзан Эллиот ба сифати сафири ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин мансаб ӯ Кеннет Гроссро иваз карда буд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ИМА яке аз воридкунандагони асосии кумаки гуманитарӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ миёни кишварҳои мададрасон қариб 62%-и вазни хос аз рӯи арзиши кумаки гуманитарӣ ба Тоҷикистон ба ИМА рост меояд.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста