Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Тибқи оинномаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳар як кишвари аъзо бо навбат ба муддати як сол раёсат дар ин созмонро ба уҳда мегирад. Ҳамин тариқ, то охири соли 2015 дар ҳамаи мақомоти ин созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД беш аз 20 масъала баррасӣ шуд. Масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кумак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии рӯзномаи ҷаласа буд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки солҳои охир хатари он ба минтақаи масъулияти СААД, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ хеле афзудааст, зоҳир карда шуд.
Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои аъзои СААД моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Аз ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои-аъзои СААД-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли созмони мазкур Николай Бордюжа зимни нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ карданд.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД қарорҳои дахлдор қабул шудаанд. Бо додани баҳои баланд ба раёсати Федератсияи Русия дар созмон изҳори бовар карда шуд, ки дар ҷараёни як соли раёсати Тоҷикистон ҳам барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ корҳои назаррасу муассир анҷом хоҳанд ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста