Тамоми 35 қитъаи овоздиҳии дар қаламрави 27 давлатҳои хориҷӣ таъсисёфта оид ба интихоби вакилон ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи якмандатии интихоботии №3-и Шоҳмансури шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик дар қитъаҳои интихоботии мазкур ба тартиб додани рӯйхатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими кишварҳои хориҷӣ мебошанд, оғоз мекунанд.
«То санаи интихобот барои шаҳрвандоне, ки ба рӯйхатҳои аввалӣ шомил нашудаанд, рӯйхатҳои иловагӣ тартиб дода мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли Додозода, дар қитаҳои интихоботии мазкур дар маконе, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, бахусус дар Русия, ҳамчунин қуттиҳои сайёри раъйдиҳӣ низ ташкил карда мешавад.
Ҳамин тариқ, ба як ҳавзаи якмандатии интихоботӣ шомил кардани ҳамаи шаҳрвандони тоҷикистонии муқими кишварҳои хориҷӣ маънои онро дорад, ки сарфи назар аз шумор, онҳо танҳо ба як номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон овоз дода метавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста