- Иқдоми аз моҳи апрел ба моҳи январ гузаронидани санаи ироаи паёми президент ба парлумон тадбири хеле саривақтӣ аст, чунки Тоҷикистон ба мисли тамоми минтақа давраи мушкилеро паси сар мекунад ва ҷомеа бояд донад, ки соли равон барои ҳалли вазифаҳои афзалиятнок чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд, - изҳор дошт раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ.
«Чун кишвар дар остонаи оғози маъракаи пешазинтихоботӣ қарор дораду аллакай қонуншиканиҳои сершумор ва фаромӯш шудани ваъдаи президент ба мушоҳида мерасанд, аз Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас ба мақомоти маҳаллии ҳокимият ва тамоми мансабдорон оид ба хотима бахшидан ба тақсими аҳзоби сиёсӣ ба худиву бегонаҳоро интизорам», - қайд кард Кабирӣ.
Кабирӣ зикр кард, ки маълум аст, ки ояндаи наздик ҳазорон муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва маҷбур мешаванд, ки дар ватан бимонанд. «Бо назардошти то ҳол ҳал нашудани мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, болоравии рӯҳияи тундгароӣ миёни қишрҳои муайяни ҷомеа ва афзоиши таҳдидҳои ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа, аз сарвари давлат мехоҳам бифаҳмам, ки барои коҳиши ташаннуҷи вазъ ва посух ба ин ситезаҷӯиҳо ба ҷуз тадбирҳои истифода аз нерӯ, ҳукумат боз чӣ чораҳое меандешад», - иброз дошт раиси ҲНИТ.
Ба қавли ӯ, бо назардошти воқеияти нав, имрӯз тамоми кишварҳои минтақа ба бозбинии сиёсати худ шурӯъ намудаанд. «Роҳбарони ин кишварҳо аллакай оид ба тавсеъаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, оғози муколамаи дохилӣ ва созиши миллӣ аз рӯйи масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳарф мезананд», - гуфт Кабирӣ.
Раиси ҲНИТ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки паёми нави президент натанҳо ба ин саволҳо посух хоҳад гуфт, балки фазои нави рушди кишварро низ муайян намуда, сарфи назар аз мансубият ба дину аҳзоб ва минтақа, ба ҳамаи шаҳрвандон эътимод хоҳад дод, ки Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикистониён аст ва назди қонуну давлат ҳама баробаранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста