Гурӯҳи таблиғотии аз ҷониби ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ таъсисёфта ахири моҳи январ ҷиҳати баргузор намудани вохӯриҳо бо муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия раҳсипор мегардад.
Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи таблиғотии ҳизб аз 13 нафар фаъолони дорои таҷрибаи кор бо интихобкунандагон иборат аст.
«Аъзои гурӯҳ муддати 10 рӯз аз шаҳрҳои бузурги Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Уфа, Қазон, Екатеринбург, Новосибирск, Челябинск ва ғайра боздид намуда, бо муҳоҷирони кори тоҷик суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд, ки дар онҳо муҳтавои барномаи пешазхинтихоботии ҲХДТ-ро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Қабла аз сафар ба Русия ба таблиғгарон аллакай муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода дастуру супоришҳо дод», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ ният дорад, ки то интихобот гурӯҳи таблиғотии худро ба Русия сафарбар созад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста