Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон масъалаи сабти расмии номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) аз ҳавзаи ягонаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ мешавад.
Бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, рӯйхати ҲНИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз 27 нафар номзадҳо ва рӯйхати ҲКТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов аз 7 нафар номзадҳо иборат аст.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои 20 ва 21-уми январ КМИР рӯйхатҳои ҳизбии ҲХДТ аз 27 нафар номзадҳо таҳти сарварии ёвари президент оид ба масоили кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ, рӯйхати Ҳизби аграрӣ аз 13 нафар номзадҳо бо роҳбарии раиси ҳизб Рустам Латифзода, ҲДТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов иборат аз 4 нафар номзадҳо, ҲСТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров иборат аз 6 нафар номзадҳо ва ҲИИТ таҳти роҳбарии раиси ҳизб Олимҷон Бобоев иборат аз 6 нафар номзадҳоро расман ба қайд гирифт.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста