Мақомоти шаҳрдории Душанбе нашру ҷойгиркунии рекламаи пешазинтихоботии ҲНИТ дар пойтахтро расман рад карда, онро «сиёсӣ» унвон кард.
Сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба дархости расмии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин хусус аз номи муовини раиси пойтахт Руқия Қурбонова посух расидааст.
«Муовини раиси пойтахт дар посухи худ таъкид месозад, ки қонуни Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» ба баргузории таблиғоти пешазинтихоботӣ тариқи ВАО, чорабиниҳои оммавӣ, нашр ва паҳнкунии маҳсулоти чопӣ иҷоза медиҳад, вале дар он ҷойгиркунии рекламаи пешазинтихоботӣ дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ нашудааст ва дар меъёрҳои қонун «Дар бораи реклама» низ роҳу воситаҳои паҳнкунии рекламаи сиёсӣ зикр наёфтааст», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар маъракаҳои интихоботии қаблии ҳам президентиву ҳам парлумонӣ дар Тоҷикистон ин қабил манъкуниҳои ҷойгиркунии шиору лавҳаҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсӣ ҷой надошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста