Санаи 27 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат ва иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи парлумонии моҳи март ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мақсад аз мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки аллакай ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Бо ин мақсад то имруз 14 нафар аз нозирони ин созмон ба Тоҷикистон омадаанд ва то охири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат ҳамроҳ мешаванд.
Коршиносони байналмилалии САҲА намояндагони 15 кишвари ҷаҳон буда, дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд. Нозирони байналмилалии САҲА асосан дар 13 ҳавзаи интихоботие, ки дар онҳо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, корбарӣ мекунанд. Ба ин мақом аз вилояти Суғд дар ҳавзаҳои мазкур 61 нафар номзад ҳам аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам ба таври худпешниҳод пешбарӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста