Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар остонаи маъракаи санаи 1-уми март таъиншудаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба реҷаи шабонарӯзии фаъолият гузашт.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи кории аъзо ва тамоми кормандони КМИР то соати 20-21-и шом дароз карда шуда, шабона то субҳ навбатдории шахсони масъул ба роҳ монда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ комилан ба анҷом расида, ба 22 курсии парлумонӣ аз аҳзоби сиёсӣ 103 нафар номзадҳо ба қайд гирифта шудаанд. «Шоми санаи 8 феврал ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба итмом мерасад», - иброз дошт номбурда.

Додозода хотиррасон намуд, ки ба 41 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ 212 нафар номзадҳо пешбарӣ шудаанд.