Фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 8 феврал аз бозорҳои бузурги пойтахт боздид намуда, бо интихобкунандагон суҳбат карданд.

Тавре сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмон дар ин робита иттилоъ дод, дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Ҷал-Ҷам» фаъолони ҳизб аз харидорону фурӯшандагон даъват карданд, ки ҳизбро дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дастгирӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, миёни аҳли бозор тақвим, брошюраи нуктаҳо аз барномаи ҳизбӣ ва диски ҳизб тақсим карда шуданд.

Зикр гардид, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба бозори «Султони Кабир» ва мошинбозори пойтахт ташриф оварда, бо бошандагони ин бозорҳо мулоқотҳои сершумор анҷом дод ва ба саваолҳои интихобкунандагон посух гуфт.