Интихоби озодона ва огоҳонаи мақомоти қонунгузор яке аз рукнҳои аслии мардумсолорист. Рӯзи 1-уми март шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар барои интихоби 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пойи сандуқҳои раъй мераванд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар 182 шаҳрванди ҷумҳуриро аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 103 намояндаи ҳизбҳои сиёсиро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҳайси номзад ба вакилии палатаи поини парлумон сабти ном кардааст.
Дар инфографикаи зер маълумот оид ба интихобот гирдоварӣ шудааст:

Ахиран як манбаъ дар КМИР ҶТ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки 3 номзади расман сабтиномшуда аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 номзадии худро бозхонда, аз идомаи ширкат дар интихобот худдорӣ варзиданд. Ба гуфтаи манбаъ, номзадии худро намояндаи Ҳизби халқии демократӣ Сафаралӣ Шарифов, Ҳизби аграрӣ Нуриддин Азаматов ва худпешбар Мавлонбӣ Тураева фаро хондаанд. Ба ин тартиб, дар ҳавзаи мазкур муборизаро барои дарёфти курсии вакилии МНМО ҶТ раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ Зайниддин Юсуфов ва худпешбар Юсуфхон Сайфуддинов идома медиҳанд.
Харитаи онлайнии 41 ҳавзаи интихоботӣ дар қаламрави Тоҷикистон:
Маблағгузории интихобот
Яке аз бахшҳои муҳими муборизоти интихоботӣ маблағгузории онҳост ва дар кишварҳои пешрафта ҳазинаи ин гуна маъракаҳои сиёсӣ миллионҳо долларро ташкил дода, то ҳадде ба пирӯзии номзадҳову ҳизбҳо кӯмак мекунад. Нашрияи “Азия-Плюс” зимни пайгирии масъалаи маблағҳои пешбиникардаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар доираи муборизоти интихоботӣ, аз ҷумла, муайян сохт, ки Ҳизби халқии демократӣ омода аст, барои пардохти гарави интихоботии номзадҳо ва анҷоми маъракаи таблиғотияш беш аз як миллион сомонӣ харҷ кунад. Ба ҷуз ин, ҳизби ҳоким аз хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ барои фиристодани паёмакҳои тарғиботӣ истифода кардааст.
Миқдори маболиғе, ки аҳзоби дигар эълом доштанд, аз ҳазинаи таблиғоти интихоботии ҲХДТ ба маротиб камтар аст. Барои гузаронидани маъракаи таблиғотии аҳзоби сиёсӣ аз буҷаи кишвар 240 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Ба ҷуз 30 ҳазор сомоние, ки ҳар як ҳизб аз буҷаи давлат дарёфт кардааст, онҳо метавонанд дар муборизоти интихоботӣ маблағҳои худӣ ва хайрияро, ки тибқи қонунгузорӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас шудааст, масраф кунанд.
Ташвиқоти пешазинтихоботии аҳзоб
Бар асоси моддаи 39-и Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ), давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти гузаронидани интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро таъмин менамояд. Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи омодагӣ ба ин маъракаи муҳим талош доранд, бо истифода аз ҳар гуна роҳҳои қонунӣ таваҷҷуҳи ҳарчи бештари раъйдиҳандагонро ба худ ҷалб кунанд. Зимнан дар пойтахт ва манотиқи гуногуни кишвар вохӯриҳои намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо шаҳрвандон баргузор шуд. Айни замон муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин нашру паҳн кардани маводи чопии ташвиқотӣ дар марҳилаи анҷомёбист.

Қобили зикр аст, ки намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ дар Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон барномаҳои интихоботии худро муаррифӣ карданд. Бо ин мақсад тибқи қонунгузорӣ барои суханронии ҳар як ҳизби сиёсӣ аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 40 дақиқа вақти эфир пешбинӣ шудааст.
Эҷоди монеаҳо?
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода зимни як суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз 8 ҳизби сиёсии кишвар 6 ҳизб боре ҳам аз шеваи баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ, бавижа эҷоди монеаҳо дар роҳи анҷоми муборизоти интихоботӣ эътироз накардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мунтазам дар мавриди иштироки номзадҳояшон дар сабқати интихоботӣ ба КМИР муроҷиат мекунанд ва комиссия саъй меварзад, арзу шикоятҳои аҳзоби мазкурро саривақт ҳаллу фасл кунад.
Агарчи қонуни интихобот ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ анҷоми бемамониати ташвиқотро таъмин мекунад, намояндагони бархе аҳзоб аз амалҳои ғайриқонунии мансабдорон изҳори нигаронӣ карданд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров ахиран дар саҳифаи фейсбукиаш нусхаи муроҷиатномаеро ба раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён таҳти унвони “Фишор ва қонуншиканиҳо авҷ мегиранд?!” мунташир намуда, аз афзоиши аъмоли ғайриқонунӣ нисбат ба фаъолони ҳизб, аз ҷумла, шахсони боэътимод шикоят кардааст. Зоиров навиштааст: “Ҳатто вазъият ба он ҳолат рафта расид, ки акнун нисбати номзадҳо фишороварӣ ва қонуншиканӣ, таҳдид ба саломатии онҳо ва ояндаи онҳо авҷ мегирад. Ман худам шоҳиди ин ҳолат дар шаҳри Хуҷанд, Ҳисор ва Шаҳритуз будам. Акнун ин гуна фишор ва қонуншиканӣ бевосита аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо мушоҳида мешавад”.
Раиси ҲСДТ дар идома мисол овардааст: “Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов рӯйирост номзад ба вакилии МНМО ҶТ аз рӯйхати ҲСДТ Фарҳод Худоёровро ба назди худ даъват карда, шаъну шарафи ӯро паст зада, нописандӣ карда, аз ӯ талаб мекунад, ки номзадиашро ариза дода қатъ намояд, аз ҲСДТ барояд, набошад ӯро пас аз интихобот кори ҷиноятӣ оғоз карда, маҳкам мекунанд. Дар асоси ин гуна рафтори раиси ноҳия кормандони мақомотҳои давлатии ноҳия ва дигар ноҳияҳое, ки ба ҳавзаи интихоботии Рашт ворид мегарданд, аз ҷумла, комиссияҳои интихоботӣ, нисбати номзади ҲСДТ ва шахсони боэътимоди ӯ хунукназарона муносибат карда, барои тарғиботу ташвиқоти ӯ маҳдудиятҳо ба миён меоваранд”.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ рӯзи 24-уми ферал бо нашри як хабар дар торнамои худ зери унвони “Раиси ноҳияи Ҳисор: агар ба Ҳизби наҳзат иҷоза нест, пас ба ҳизби ҳоким ҳам иҷоза набояд бошад!” дар бораи монеагузории кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ҳангоми таблиғ ва тақсими варақаҳо иттилоъ додааст.

Ба ҷуз ин, шаҳрдории Душанбе дар поёни моҳи гузашта ба дархости ҲНИТ оид ба насби рекламаҳои интихоботӣ дар ҳудуди пойтахт посухи рад дода, онро “рекламаи сиёсӣ” хонд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова он вақт дар номаи ҷавобӣ ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфт: “Аз лоиҳаҳои пешниҳоднамуда бармеояд, ки рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Амали Қонуни ҶТ “Дар бораи реклама”, ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбати рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад”.
Лозим ба ёдоварист, ки дар интихоботи қаблии парлумонӣ ва ҳам раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ин гуна мамнӯъиятҳо барои насби баннерҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надошт.
Интишор ва барчидани маводи чопии ташвиқотӣ
Раҳматилло Зоиров рӯзи 21-уми феврал низ бо интишори як муроҷиатнома таҳти унвони “Қувваи бахилтарин ё №1 дар Тоҷикистон кист?” ба сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллӣ ва КМИР ҶТ аз дарондану нобуд кардани плакату дигар маводи таблиғотии ҳизбҳо хабар дод. Ба иддаои ӯ, дар ноҳияи Шаҳритус “бо ин кор ду корманди милитсия, 1 намояндаи КДАМ машғул шудаанд”. Вай дар идома навиштааст: “Савол пайдо мешавад, ки ба кӣ ин гуна амал зарур шуд? Маълум мешавад, ки ин кор тасодуфӣ нест. Дирӯз шаб ба шаҳри Душанбе баргашта, шоҳиди он шудем, ки дар шаҳри Душанбе 80% платкатҳои ҳизбҳо, на танҳо ҲСДТ, аз девору стендҳо ва ғайра бардошта шудаанд”. Зоиров дар идома пурсон шудааст: “Кӣ мардумро аз иттилои дақиқи интихоботӣ маҳрум ва ҳизбҳоро ба харҷи маблағи бе самара мубтало мекунад? Ва барои чӣ? Бе чуну чаро дар ин кор қувваи махсус амал мекунад, яъне тасодуфӣ нест”.

Қаблан Олим Бобоев , раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ба расонаҳо гуфта буд, ки як гурӯҳ ҷавонони мошинсавор дар хиёбонҳо гашта, маводи тарғиботии ҳизбҳоро мекананд. Иддаоҳои сиёсатмадорон дар мавриди барчидани варақаҳои ташвиқотӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба қавли намояндагони Ҳизби халқии демократӣ, онҳо то кунун боре ҳам ба ин гуна амалҳо дучор нашудаанд.
Бино ба мушоҳидаҳои мо, дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ҳизби ҳоким аз барчасбҳои таблиғотӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва биноҳои идораву муассисоти пойтахт фаровон истифода мекунад, дар ҳоле ки чунин навъи ташвиқот аз сӯйи аҳзоби дигар чандон ба назар намерасад.
Э.Раҳмон: Интихобот бояд шаффофу озод доир гардад
23-юми январи соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олии ҶТ бо ишора ба интихоботи парлумонии 1-уми март изҳор дошт:
“Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад. Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд...”
Бисёрҳизбӣ: муттаҳидин ва мухолифини ҳизби ҳоким
Ба ақидаи ин коршинос, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ ҳаст, аммо низоми воқеии бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад: “Дар илми сиёсатшиносӣ системаи бисёрҳизбӣ низомеро гӯянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар таъйин ва татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат саҳм доранд, ё пешниҳодоти онҳо ба назар гирифта мешавад. Онҳо ҳамчунин дар парлумону ҳукумат ҳузур доранд. Ин ки 8 ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ҳоло системаи бисёрҳизбӣ нест, зеро аксари кулли парламент ва ҳукуматро намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва аҳзоби дигар сирф ба хотири омор вуҷуд доранд... Мо як ҳизби ҳоким дорем ва чанд ҳизби дигаре, ки аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Яъне як ҳизби ҳоким ва муттаҳидинаш дар симои аҳзоби дигар, ки онҳоро “саттелит” мегӯянд. Чунин амал ба хотири он сурат мепазирад, ки эълон шавад – дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ вуҷуд дорад”.
Нуралӣ Давлат афзуд: “Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ду ҳизби сиёсии мухолиф мебошанд, вале онҳо дар таъйин ва татбиқи сиёсати дохиливу хориҷӣ тақрибан ҳеҷ таъсир надоранд ва пешниҳодоту суханҳое, ки мегӯянд, аслан қабул намешавад. Ҳатто дар мавриди тағйирот ба қонуни интихобот, ки ба пешниҳоди онҳо шумориши оро дар комиссияҳои ҳавзавӣ бояд дар ҳузури намояндагони аҳзоб сурат бигирад, қабул нашуд. Онҳо вақте ки дар ворид кардани тағйирот ба қонуни интихобот ҳеҷ коре карда наметавонанд, чӣ расад ба таъйини сиёсати дохиливу хориҷӣ”.
Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ намояндагони ҳизбҳо зимни вохӯрӣ бо мардум ва ташкили баҳсу мунозираҳо саъй варзиданд, нукоти муҳими барномаҳои худро, ки фарогири ҳамаи бахшҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиянд, ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонон бирасонанд.
ҲХДТ: Коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ
Шиор: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»

М.Кабирӣ: Фазо ва муносибат ба инсон тағйир дода шавад
Шиори ҲНИТ: «Мо барои Тоҷикистон, Тоҷикистон барои ҳама»

“Бовар дорам, на танҳо ҳамчун як раиси ҳизби мухолиф, балки ҳамчун як шаҳрванд, ки ин интихобот воқеан табдил ба интихоботи муътадилсози вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мегардад. Ба шарте ки қонун риоя шавад, ваъдаи президент дар бораи шаффофият иҷро шавад, интихобот метавонад табдил ба омили ваҳдат ва субот гардад. Вале агар худо накарда иҷро нашаванд, он фишорҳое, ки имрӯз болои ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби наҳзат омада истодааст, идома пайдо кунад, баъзе мансабдорон хоста ё нахоста болои мушкилоти зиёди кишвар боз чанд мушкили дигарро зам хоҳанд кард, ки ин ба нафъи кишвар нест”, - изҳор дошт раиси ҲНИТ.
Ш.Шабодолов: 3 миллиард доллари Тоҷикистон ба хориҷа рафт
Шиори ҲКТ: «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи заҳматаш»

Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон бо ишора ба қисми даромади 3-миллиард долларии буҷети кишвар чунин изҳор дошт: “Дар натиҷаи касри тиҷорат 3 миллиард доллар бебозгашт ба хориҷа рафт. Ин маблағест, ки муҳоҷирони меҳнатии мо бо машаққати зиёд ба даст овардаанд. Вазифаи давлату парлумон ин аст, ки буҷаву бозори худро чунон муҳофизат намоянд, ки моро талаву тороҷ накунанд. Ягон давлати хориҷӣ ба таври ройгон ба мо чизе намедиҳад. Барои як доллар сад долларро ғорат карда мебаранд”.
Раиси ҲКТ ҳамчунин аз норасоии татбиқи қонунҳо дар кишвар ибрози нигаронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки шиор як асту иҷрои он тамоман дигар: “Ҳазор бор шунидем ин шиорҳоро, вале вақте замони амалисозӣ меояд, онҳое, ки ин шиорҳоро гуфтаанд, ҳатто аз сафи ҳизби коммунистӣ, об дар даҳон гирифта, хомӯш нишастанд, ки мабодо суханашон ба президент ё ҳукумат маъқул нашавад. Ин тавр бояд набошад”.
Р.Зоиров: Сиёсат ҳуқуқро зин задааст. Бояд баръакс бошад!
Шиори ҲСДТ: «Хирад, адолат ва тараққиёт»

Вай афзуд, ки парлумони Тоҷикистон, агар ҷуръат дошта бошад, бояд аз ҳокимияти иҷроия ва мақомоту вазоратҳо иҷрои қонунҳоро талаб кунад, маҳдудиятҳоро бартараф ва рақобати солимро дар ҷомеа таъмин созад.
Ба таъкиди раиси ҲСДТ, имрӯз дар Тоҷикистон дарки зарурати мубориза расидааст, лекин ҳоло худи мубориза вуҷуд надорад. “Мо зиёд мегӯем, ки мубориза даркор, лекин ба шаклҳои мубориза нав қадам гузошта истодаем”, - изҳор дошт Зоиров.
О.Бобоев: Мехоҳем дар парлумон ҷиноҳи иқтисодӣ таъсис диҳем
Шиори ҲИИТ: «Замонавикунонии ҷомеа баҳри зиндагии арзандаи инсон дар Тоҷикистон»

С.Исмонов: Андози баланд сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳост
Шиори ҲДТ: « Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек »

Вай ҳамчунин пешниҳодоти худро дар мавриди гузаштан аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба шартномавию алтернативӣ ироа кард: “Чун мо дар ҷомеаи деморатӣ зиндагӣ мекунем, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро бепул ё бе музди меҳнат кор фармонад. Ҷавонон қисми гунаҳкори ҷомеа нестанд, ки ба хизмати ҳарбӣ бираванд. Пас, ҳукумат бояд ба онҳо маош бидиҳад”.
Исмонов ҳамзамон аз сатҳи, ба гуфтаи ӯ, пасти, меъмории баъзе биноҳои тозабунёди пойтахт интиқод карда, иброз дошт, ки ин биноҳо “умуман бӯйи тоҷикиву шарқӣ надоранд”.
А.Ғаффоров: Мо ягон фишор ё мушкилиеро ҳис накардаем
Шиори ҲСТ: « Ростиро завол нест »

Ғаффоров гуфт, ки ягон фишор ё мушкилиеро дар ҷараёни маъракаи таблиғотӣ эҳсос накардааст.
Ҳизби аграрӣ: 75 дарсади аъзои ҳизб ҷавононанд
Шиори ҲАТ: « Зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон! »

28-уми феврал дар Тоҷикиcтон рӯзи сукут эълом шудааст ва ҳар гуна таблиғ дар ин рӯз тавассути номзадҳову аҳзоб мамнӯъ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста