Тибқи маълумоти пешакии КМИР Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтанд.
Зимни брифинги имрӯза раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён иттилоъ дод, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ аксари овозҳо - 65,2%-ро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон касб намуда, Ҳизби аграрӣ - 11,8%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 7,6% ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон - 5,3%-и раъйҳоро ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣи дар парлумони оянда 16 нафар - ҲХДТ, 3 нафар - Ҳизби аграрӣ, 2 нафар - ҲИИТ ва 1 нафар - Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ҲНИТ-ро 1,5%, Ҳизби коммунистро - 2,3%, Ҳизби демократро - 1,7% ва ҲСДТ-ро - 0,5%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ намудаанд.
Ба гуфтаи Шоҳиён, дар кишвар ба сурати умум 4 млн. 319 ҳазору 395 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, 3 млн. 791 ҳазору 827 нафарашон дар интихоботи мазкур ширкат варзиданд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи парлумонӣ баргузор шуд.




Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста