Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Шодӣ Шабдолов интихоботи парлумонии баргузоршударо комилан мазҳака (фарс) унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, зимни маъракаи пешазинтихоботӣ, намояндагони ҳизб бо беш аз 400 ҳазор нафар интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, «ҳама онҳоро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифта буданд», вале тибқи натиҷаҳои интихобот, Ҳизби коммунист бо касби 2,3%-и овозҳо тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, меъёри 5%-ро ба даст оварда натавониста, ба парлумон роҳ наёфт.
Раиси ҲКТ изҳор намуд, ки ҳанӯз то интихобот маълумоте расида буд, ки ба ҳизби онҳо 3%-и раъйҳоро медиҳанд, вале КМИР инро рад намуда буд. «Шермуҳаммад Шоҳиён ба мо гуфта буд, ки ин овоза аст ва мо дар парлумон курсии худро мегирем. Бо ин роҳ ӯ моро маҷбур кард, ки бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронем, то ки онҳо ба овоздиҳӣ раванд. Ман намедонам, ки ба президент кӣ ин гуна машварат медиҳад, лекин ин иштибоҳ буда, натиҷаи манфӣ хоҳад дошт», - зикр кард Шабдолов.
«Магар паранда бо як бол парвоз карда метавонад? Акнун парлумон танҳо як бол хоҳад дошт, зеро Ҳизби аграрӣ идомаи ҳамон Ҳизби халқии демократӣ аст», - мутмаин аст раиси ҲКТ.
Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба натиҷаҳои интихобот ҳизб дар маърази ом эътироз нахоҳад овард, чунки сулҳу субот дар кишвар муҳимтар аст. «Ҳамчунин мо ба касе шикоят бурданӣ ҳам нестем, зеро ҳамаи суду прокурорҳо таҳти итоати худи раҳбари давлат, президенти мо Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста