Кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои Ҳизби халқии демкоратии Тоҷикистон дар пойтахт таҳти сарварии муовини аввали раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода имрӯз дар боғи «3000-солагии Ҳисор» дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат меварзанд.
Усмон Солеҳ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маърака беш аз 100 нафар фаъолони ҳизб иштирок мекунанд. «Фаъолони ҳизб имрӯз дар Ҳисор зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ мешинонанд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дастгоҳи марказии ҲХДТ ба тамоми бахшҳои аввалияи худ дар минтақаҳои кишвар дастур додааст, ки дар маъракаҳои сабзгардонӣ ва ниҳолшинонӣ ва парвариши боғу токзорҳо фаъолона саҳм гиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста