Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд ва ҳамчунин ширкат дар Анҷумани байналмилалии "Ваҳдати уммати исломӣ" озими Малайзия шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин ду конфронси байналмилалӣ шахсиятҳои саршиноси ҷаҳони ислом, аз ҷумла Рошид Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис ва аз ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ширкат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ҷаласаи Форуми Осиё барои сулҳ ва рушд (Asian Forum for Peace & Development), ки як сол пеш аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ дар Осиё таъсис ёфтааст, дар бораи вазъи ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ: чолишҳо ва роҳҳалҳо аз 17 то 19-уми марти соли ҷорӣ давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар ин форум суҳбат кунад.
Зимнан зикр мегардад, ки сипа, Анҷумани сеюми байналмилалии "Ваҳдати уммати исломӣ", ки аз тарафи Ҳизби исломии Малайзия (PAS) ва дафтари Абдулҳоди Аванг, муовини раҳбари Иттиҳоди оламии уламои мусалмон, ки роҳбарии ин иттиҳодро шайх Юсуф Карзовӣ бар дӯш дорад, аз 20 то 22-юми март баргузор хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки ин анҷуман дар баробари баҳсу баррасии мушкилоти мусалмонон, бештар дар бораи буҳрони Фаластин ва мушкилоти фаластиниён, аз чумла Қудси шариф тамаркуз хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста