Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бо таъини писари худ - Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниятҳои ҷидддӣ оид ба роҳандозии муборизаи беамон бо коррупсияро нишон дод, ки тайи солҳои ахир хеле амиқ реша давонидааст.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими президент оид ба сафарбар намудани фарзанди камтаҷрибаи худ ба мубориза бо чунин зуҳуроти ҷиддӣ чун коррупсия маънои онро дорад, ки сарвари давлат дар чунин масъалаҳои муҳим дигар ба атрофиёни худ эътимод надорад.
«Бо таъини писари худ ба чунин вазифаи пурмасъул Э.Раҳмон нишон доданист, ки ӯ озодии сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварро кафолат дода, комилан ҷонибдори ҳимояи манфиатҳои тоҷирон ва мардуми оддӣ аст, аммо то кадом андоза ба эътимоди сарвари давлат соҳиб шудани писарашро вақт нишон медиҳад», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҲСДТ, ҳуқуқшинос Щокирҷон Ҳакимов чунин мешуморад, ки ба вазифаи директори Агентии зиддифасод таъин шудани Рустами Эмомалӣ гувоҳи он аст, ки раҳбарияти сиёсии кишвар зарурат ва муҳим будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун омили стратегии беҳбуди сифати некӯаҳволии мардум дарк намудааст. «Аммо ба назар мерасад, ки ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, дигар касе воқеъан ҳам бо коррупсия мубориза бурда наметавонад», - гуфт Ҳакимов.
Муовини раиси ҲСДТмутмаин аст, ки таъиноти нав масъулияти бузургеро ба дӯши Рустами Эмомалӣ вогузор мекунад, зеро асосан ба коррупсия машғул будани киву кадом сохторҳо маълум аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста