Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқоти анъанавӣ бо зиёиёни кишвар ба олимон таҳияи Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050-ро пешниҳод намуд.
Дар робита ба нақши зиёиён дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар сарвари давлат зимни суханрониаш қайд кард, ки «қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад ва гузашта аз ин, зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд».
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.
Сарвари давлат ба нақши зиёиёни тоҷик дар амалисозии сиёсати ҳукумат баҳои баланд дода, аз онҳо даъват кард, ки барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.
Президенти кишвар ҳамчунин таъкид намуд, ки вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёин аз саҳм гузоштан ба рушди маориф, илм, фарҳанг, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва рушди асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборатанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста