Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзодаро бори навбатӣ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки санаи 27 март доир мегардад, пешбарӣ намуданд. Бахтиёр Худоёрзода ба ҳайати даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумон низ шомил буд.
Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омӯзгори маҳаллӣ Наргис Раҳмоноваро номзад ба аъзогии палатаи болоии парлумон пешбарӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ ва Маҳмадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба аъзогии палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста