Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар қаламрави Фаронса ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ба Кантслери Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел ва Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр мегардад, ки «бо андӯҳи бузург хабари суқути фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии олмонӣ дар ҷануби Фаронсаро, ки боиси марги теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари Шумо ва дигар мусофирон гаштааст, дарёфт намудам».
«Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафоти гарон ба мардуми дӯсти Олмон ва Испания баён намуда, хоҳишмандам тасаллиёти самимии моро ба наздикон ва пайвандони фавтидагон лутфан бирасонед», - омадааст дар барқия.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста