Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба рӯзи 27 март дар намози ҷумъа дар масҷидҳо садо додани даъватҳо ҷиҳати бастани ҲНИТ изҳор намуд, ки ин кори дасти намояндагони ҳукумат аст.
«Агар ҲНИТ дар буҳрони доимии тамоми бахшҳои кишварро фарогирифта, ривоҷи коррупсия дар ҷумҳурӣ, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани ҳазорон шаҳрвандони кишвар баҳри дарёфти маоши шооиставу таъмини рӯзгор ва дигар норасоиҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон гунаҳкор бошад, пас бигзор ҳукуматдорон, Шӯрои уламо ва ба истилоҳ ватандӯстони Тоҷикистон инро собит созанд ва сипас мо бо онҳо дар масъалаи ба рушди муътадили кишвар монеъа эҷод кардани ҲНИТ ва зарурати манъи фаъолияти он ба мувофиқа мерасем», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Саидумар Ҳусайнӣ
Муовини аввали раиси ҲНИТ ҳамчунин зикр кард, ки «агар ҲНИТ ба амалисозии нақшаҳои ҳуумат ҷиҳати рушду шукуфоии кишвар, таъмини мардуми он бо зиндагии шоиста халал расонад», пас «мо худамон ба тарки саҳнаи сиёсӣ омодаем».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон матни мавъизаи намози рӯзи ҷумъа иборат аз 3,5 саҳифа бо имзои шахсе бо ному насаби А.В.Мавлонов дар ихтиёри «Азия-Плюс қарор гирифт, ки дар он аз даъвати имомхатибон ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сухан меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста