Соати 20-00-и вақти маҳаллии санаи 29 март раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон ба итмом расида, фаъолияти зиёда аз 9 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ дар саросари ин кишвар қатъ гардид.
Раисони комиссияҳои интихоботии қитъавӣ дар ҳузури нозирони байнулмилалӣ қуттиҳои овздиҳиро барои шумурдани раъйҳо боз намуданд, то Комиссияи марказии интихобот имрӯз дар бораи натиҷаҳои пешакии интихобот маълумот диҳад.
Замони қатъи фаъолияти қитъаҳои интихоботӣ нишондиҳандаи иштироки раъйдиҳандагон дар интихобот тибқи рӯйхати овоздиҳӣ 91,01% ва шумори овоздиҳандагон беш аз 18 млн. 928 ҳазор ҳазор нафар арзёбӣ гардид.
Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар ҳанӯз соати 10-и 29-уми март эълон дошт, ки 33%-и интихобкунандаҳо раъй додаанд, ки тибқи қонунгузории ин кишвар, интихобот баргузоршуда дониста мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии мазкур чор номзад – аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон президенти кунунӣ Ислом Каримов, аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон раиси Шӯрои сиёсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб Наримон Умаров ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон узви фраксия дар парлумон Акмал Саидов ба мансаби президентӣ дар Ӯзбекистон довталабӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста