Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иқдомоти ахири баъзе мақомот ва масъалагузории доираҳои ҷудогона дар бораи бастани фаъолияти ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, он як тарҳи фитнаомез, мухолиф ба қонун ва хатарнок барои субот ва сулҳу ваҳдати кишвар номида шуд.
Дар баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита таъкид мегардад, ки «кашонидани доираҳои динии кишвар ва аз забони онҳо матраҳ кардани як пешниҳоди мухолиф ба Конституцияи ҶТ ва Созишномаи сулҳ баёнгари оғози як тарҳи фитнаомези дигар мебошад, ки оқибатҳои бади он бар зарари миллат ва давлат меанҷомад».
«ҲНИТ ҳамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили сиесӣ маъруф гаштааст. Агарчи, ин ҳама солҳо болои ҲНИТ фишорҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доштаанд, роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд», - омадааст дар баёния.
Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукуматдорон дархост мешавад, ки пеши роҳи чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад ва гунаҳкорон барои барангехтани низоъи сиёсӣ ва кинаву адоват байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Само15 апрел, 2015 18:31
ХНИТ дар баркарор намудани сулху вахдат, тинчиву ороми дар солхои чанги шахрванди ягон зарра сахми худашро нагузоштааст, баракс дилу нияти дигар дошт, лекин Худованд гами ин миллатро хурду барояшон шердил Эмомалии Рахмонро офарид. Мардуми Точикистон шабу руз бояд кушишу захмат кунанд дар бари ин марди Хирадманд рост бошанд. Сарчамии мо Точикистони азизамонро ба сафи давлатхои мутаракии чахон бурда мерасонад.