Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти амалкунандаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуда, аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад».
Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои ҳарду кишвар гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд ва Тоҷикистон барои анҷом додани ин кори хайр комилан омода буда, тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо-Сарварии Ӯзбекистони бародарӣ дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои навро таманно намоям», - омадааст дар фарҷоми барқия.
Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 30 март натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Ӯзбекистонро эълон кард. Президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо пирӯз шуд. Дар маъракаи интихоботии мазкур 18,942 млн. нафар (зиёда аз 90%) шаҳрвандони Ӯзбекистон ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста