Муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Саидмурод Фаттоҳзода рӯзи 30 март дар дафтари марказии кории ҳизб бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун мулоқот орост.
Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сафир ҳамсуҳбати худрол бо пирӯзӣ дар интихоботи доиргардида ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ табрик гуфта, қайд кардааст, ки ғалабаи мазкур аз нуфузи баланди ҳизб дар ҷомеа ва ташкили дурусти муборизаи пешазинтихоботӣ шаҳодат медиҳад.
«Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо миёни Ҳизби коммунисти Чин ва ҲХДТ ва табодули таҷриба миёни ҳизбҳои ҳокими ду кишвари ҳамсояро низ баррасӣ намуданд», - гуфт Солиев.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили таъмини амният дар минтақа ва амалисозии лоиҳаҳо баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назари судманд сурат гирифт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста