Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Русия ва интихоб ба нафъи Ғарб моил намесозад.
Хабаргузории РИА Новости дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни суханронӣ дар Донишкадаи ба номи Брукинги Вашингтон муовини котиби давлатии ИМА Тони Блинкен изҳор доштааст: «Мо онҳоро ба интихоб водор карданӣ нестем ва ҳангоме ки перомуни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ё Иттиҳоди гумрукӣ сухан меравад, мо ба ин кишварҳо намегӯем, ки бояд ба ин иттиҳодҳо аъзо нашаванд, зеро ин ба гуфтаҳои мо ба русҳо айни замон дар мавриди Украина мувофиқат намекунад ва маҳз ба гуфтаи мустақилияти кишварҳо дар тасмимгирии ҳамоҳангсозии кӯшишҳо бо киҳову кадоме аз кишварҳо».
Ба эътиқоди номбурда, ИМА «хоҳони истиқбол аз муносибатҳои мусбат»-и кишварҳои минтақа бо Русия ҳастанд, «вале Русия худаш чунин иқдомҳоеро пеш мегирад, ки кишварҳои минтақаро ба андешаҳои баръаксу мухолиф водор месозад».
Ба бовари Тони Блинкен, «ин онҳоро ба ҳарчи бештару бештар ҷустуҷӯ кардани алтернативаҳо ва дигар имконот маҷбур месозад». «Мо умедворем, замоне фаро мерасад, ки Русия тарзи муносибати худро тағйир медиҳад», - иброз доштааст Блинкен ва «нуктаи назари шахсии худро чунин изҳор кардааст, ки сатҳи нигаронӣ айни замон беҳад баланд аст».
Дар ҳамин ҳол, муовини котиби давлатии ИМА таъкид намудааст, ки «барои амнияти миллии ИМА беҳтар аст, агар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мустақилу соҳибистиқлол бошанд, аммо онҳо ба муносибатҳои солим бо ҳамаи ҳамсоякишварҳо бо шумули Русия ниёз доранд».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста