Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Э.Налбандян, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В.Макей, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Е.Идрисов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Абдилдаев, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров ва Котиби генералии СААД Н.Бордюжа иштирок карданд. Дар ҷаласа ба ҳайси даъватшудагон Раиси амалкунандаи САҲА, Муовини аввали Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия И.Дачич ва Сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ М.Енча ширкат варзиданд.
Сарварони идораҳои сиёсати хориҷии СААД Изҳоротро дар бораи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 қабул намуданд. Дар ҷаласа инчунин масоили таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни амният дар минтақаи масъулияти СААД, аз ҷумла оид ба татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД “Дар бораи расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкамгардонии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон” аз 23 сентябри соли 2013 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи тақвияти ҳамкориҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ бо назардошти равандҳои дар Афғонистон суратгиранда баррасӣ гардид.
Аз рӯи натиҷаи кори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД қарорҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи Шӯро қабул гашта, лоиҳаи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳамоҳанг карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста