Рӯзи 6 апрели соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷаттулоҳи Фағонӣ мулоқот кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ сафири Эрон ба Н.Зоҳидӣ даъватномаи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эронро ба Сироҷидин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати иштироки ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Ҷунбиши адами тааҳҳуд супурд. Ин ҷаласа дар таърихи 9-10 июни соли 2015 дар Теҳрон баргузор мешавад,
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро муҳокима карданд.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 120 кишвар узви он буда, аз минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста