Созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи огаҳӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷиҳати тасдиқ ба баррасии ҷаласаи Сенати Қазоқистон пешниҳод шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сенати Қазоқистон, созишномаи мазкур ба фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқи барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, огаҳиву пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода нигаронида шудааст.
Дар созишнома мақомоти ваколатдор, шаклҳои ҳамкорӣ навъҳои кумак, тартиби расонидани кумакҳои мутақоибла ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак муайян шуда, ғайр аз ин, меъёрҳои тартиби мавриди амал қарор гирифтани созишнома, мавридҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, ҳолатҳои ҷуброни хисорот ва ҳалли баҳсҳо пешбинӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, тасдиқи созишнома ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои манфии ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави ҳарду кишвар ва ҳамчунин рушд ва такмили минбаъдаи фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳандаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста