Имрӯз, 10 апрел дар Тошканд зимни ҷаласаи муштараки Сенат (палатаи болоӣ) ва Палатаи қонунгузор (палатаи поёнӣ)-и парлумони Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ислом Каримов баргузор шуд.
Бино ба иттилои CA-NEWS , дар ин маросим аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳукумати Ӯзбекистон, судяҳои суди Конститусионӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тошканд иштирок доштанд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов ба Ислом Каримов шаҳодатномаи президенти Ӯзбекистонро супурд. Сипас президенти интихобшудаи кишвар дасташро дар як вақт ба Конститутсия ва китоби Қуръон гузошта, савганди вафодорӣ ёд кард ва уҳдадор шуд, ки «қонунҳо ва Конститутсияро қатъиян риоя мекунад, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад». Пас аз савгандёдкунӣ Ислом Каримов суханронӣ кард.
Дар интихоботи рӯзи 29 марти соли равон доиргардида Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо (бо иштироки 91,08%-и интихобкунандагон) президенти Ӯзбекистон интихоб шуд. Рақибони ӯ ҳатто 5%-и овозҳоро ба даст оварда натавонистанд, ҳарчанд барои сабти номзадиашон ба мансаби президентӣ маҳз ҳамин миқдор имзои ҷонибдоронашонро пешниҳод карда буданд.
Ислом Каримов ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1989 зимоми қудрат дар ин кишвари ҳамсояро дар даст дорад. Бино ба иттилои хабаргузории Фергана , соли 1991 ӯ аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократӣ (собиқ Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон) ва соли 2000 аз ҷониби ҳизби «Фидокорлар», ки баъдан бо ҳизби «Миллий тикланиш» (Эҳёи миллӣ) ҳамроҳ шуд, номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста