Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ ва олим Холмаҳмад Самеъ пешниҳод карданд, ки барои хизматҳои шоиста назди мардуми тоҷик сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «пешвои миллат» эълон карда шавад.
Дар мақолаи интишоршудаи олимони зикршуда дар сомонаи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки президент бо кору аъмоли худ ба «пешвои миллат» шумурда шудан ҳуқуқ дорад.
Дар муроҷиати худ олимон хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқрори сулҳ дар кишварро ёдовар шуда, барномаи рушди иқтисодӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсиониро ба Барномаҳои «Пешомади 2020» дар Малайзия, «Роҳи нав» - и Рузвелт, «Ҷаҳиши бузург»- и Дэн Сяопин, «Барномаи саноатикунонии Сингапур» - и Ли Куан Ю ҳаммонанд месозанд ва эътироф мекунанд, ки чунин падида дар фарҳанги сиёсии давлатҳои нави соҳибистиқлол тозаву нодир аст.
«Эътирофи падидаи пешвои миллат на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои ашхосест, ки дар як давраи таърихии миллате, кишваре нақши сарнавиштсоз доштанд ё доранд, низ ба хотири он аст, ки он омили муттаҳидсозанда ва пешбаранда мебошад. Шояд пешвоён, чун Эмомалӣ Раҳмон, зарурат ба чунин эътироф надоранд. Аммо миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархурди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд», - омадааст дар мақола.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи вокунишу назари президент Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин пешниҳод алҳол ҳеҷ маълумоте дастрас нест.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста