Рӯзи 12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Юн Бён-Се баргузор гардид.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар рафти суҳбат ба роҳҳои татбиқи амалии мувофиқаҳое , ки дар натиҷаи музокироти президентҳои Тоҷикистон ва Корея 12 апрели соли ҷорӣ дар Тегу ҳосил шуданд ва ба тавсеа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои баргузории машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ карданд. Ба фаъол намудани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва ҷалби намояндагони бахши хусусии ду кишвар ба татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд алоқамандии ҳар ду ҷониб баён гардид. Дар ин росто зарурати дар наздиктарин фурсат таъсис додани Кумитаи муштарак барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея таъкид карда шуд.
Ҳамчунин дар атрофи ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи СММ ва Форуми ҳамкории «Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ» табодули назар сурат гирифт.
С.Аслов ба ҳамтои худ оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.
Юн Бён-Се ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи кишварашро дар Конфронси байналмилалии Душанбе тасдиқ намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста