Маъракаи пешазинтихоботии собиқ котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки нияти иштирок дар интихоботи президентӣ дар соли 2016 дар ИМА-ро изҳор дошт, метавонад аз ҳама гаронтарин дар таърихи ин кишвар гардад.
The New York Times менависад, ба ин маърака довталаб Ҳ.Клинтон 2,5 млрд. $ воситаҳои ҷонибдорони худ ва ҳамчунин Ҳизби демократро ҷалб карданист, ки ба эҳтимоли зиёд номзадии ӯро дастгирӣ хоҳад кард.
Қаблан рӯзномаи Wall Street Journal иттилоъ дода буд, ки Клинтон барои маъракаи пешазинтихоботиаш 1 млрд. $ масраф карданист, ки аз буҷети бо ин мақсад харҷкардаи прзиденти амалкунандаи ИМА Барак Обама дар соли 2012 (716 млн. $) зиёдтар аст.
Тавре интизорӣ мерафт, рӯзи 12 апрел Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА номзад шуданист. «Ман ба маъракаи интихоботи президентӣ ворид мешавам. Ҳар рӯз барои амрикоиҳо қаҳрамон (чемпион) зарур аст ва ман мехоҳам, ки чунин қаҳрамон бошам», - гуфтааст ӯ дар навори видеоии дудақиқагӣ таҳти шиори «Ҳилларӣ барои Амрико» дар саҳифаи худ дар Facebook.
Қобили зикр аст, ки маъракаи пешазинтихоботии Ҳилларӣ Клинтон аллакай рӯзи 14 апрел бо боздид аз иёлат (шата)-и Айова оғоз мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста