Санаи 15 апрели 2015 дар Қоҳира Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз сафорати ҶТ дар Миср хабар доданд, дар мулоқоти мазкур дипломати тоҷик паёми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ дар бораи таъйин намудани Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи давлатҳои арабӣ супорид.
Гуфта мешавад, гузашта аз ин, мусоҳибон дар он дидор дар бораи масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби Нахустин иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи 2014 дар Риёз баргузор гардида буд, байни Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Дар назар аст, ки кишвари мо нишасти ояндаи Форуми мазкурро дар соли 2016 мизбонӣ кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста