Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт бо рӯзноманигорони тоҷик мулоқот ороста дар мавриди манфиатҳои кишвараш дар минтақаи Осиёи Марказӣ се ҷанбаи муҳими он - субот ва амният, рушди иқтисодӣ ва дастгирии озодии баёну ҳимоят аз ҳуқуқи инсонро зикр кард. «Дар маҷмӯъ метавонам бигӯям, ки ин се ҷанба асоси ҳамкории ИМА бо Тоҷикистон аст», - иброз дошт ӯ.
Сюзан Эллиот бар ин назар аст, ки ИМА муносибатҳои бисёрсамтаи худ бо кишварҳои минтақа мутобиқи ин се ҷанбаро бояд беҳтар кунанд. «Ба андешаи ман, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд миёни ҳамдигар ва ҳамчунин бо Русияву Чин мунсибатҳои хуб дошта бошанд. Ҳамчунин Тоҷикистон бо Русия бояд ҳамкории хуб дошта бошад,зеро ин кишвар муддати тӯлонӣ як қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ғайр аз ин, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд», - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи сафир, ҳадафи ИМА рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон баҳри пешбурди се ҷанбаи дар боло зикршуда аст. «Аз лиҳози таъмини амният метавонам илова кунам, ки таҳдидҳои аз минтақаи Осиёи Марказӣ бармеомада - қочоқи маводи мухаддиру терроризм ва ғайра ба амнияти Русия ва Аврупо низ таъсир расонида метавонанд», - гуфт Сюзан Эллиот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста