Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин, котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуда,Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дод ва аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.
Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин зарур шумурда шуд, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78%-ро ташкил медиҳад.
Ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст.
Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулма ба миён гузошта шуда, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илму фарҳанг гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста