Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати Шоҳигарии Норвегия таҳти роҳбарии сафири Норвегия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Оле Йохан Бёрной дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия ва инчунин раванди татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Норвегия дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, муҳокима шуданд. Ҷонибҳо зарурати истифодаи иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни давлатҳо, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика қайд намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, муҳоҷират ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Норвегияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаи татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста