Муовини котиби давлатии ИМА Даниэл Розенблум соли равон маротибаи дуюм ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дипломати амрикоӣ рӯзи 24 апрел бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе меояд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтушунид анҷом дода, маҷмӯи масоили дуҷониба ва сатҳи байнулмилалӣ, густариши робитаҳо дар бахши таъмини амният, муқовимат ба терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ мекунад.
Даниэл Розенблум муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатӣ мебошад. Даниэл Розенблум дар Бюрои Департаменти давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ фаъолият намуда, маъсули сиёсати ИМА ва муносибатҳои дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки Даниэл Розенблум аввали моҳи феврали соли 2015 бо сафари серӯза аз Тоҷикистон боздид намуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста