Бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов муроҷиат намуд.
Дар номаи интишоршудаи ӯ ба унвони прокурори генералӣ зикр мегардад, ки тайи солҳои ахир ҷонибдорони ҳизб, аъзои оилаи онҳо аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди таъқибу таҳқир ва дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа қарор гирифтаанд.
Дар номаи худ Саидумар Ҳусайнӣ беш аз 10 ҳолатҳои таъқибу шиканҷа ва таҳқири аъзои ҲНИТ ва пайвандону наздикони онҳоро мисол овардааст.
«Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, раҳбарияти ҲНИТ аз Шумо ва ниҳодҳои тобеъи Прокуратураи генералии ҶТ, ки масъулияти таъмини риояву волоият ва эҳтироми қонунҳоро дорад, тақозо менамояд, бо дастрасӣ ба Сарқонуни ҶТ ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ барои ҷилавгирӣ аз ин раванди номуносиб, ки боиси халалдор шудани субот, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон гардидааст, чораҷӯӣ намуда, афродеро, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, ба ҷавобгарӣ бикашонед», - омадааст дар номаи муовини аввали раиси ҳизб.
Дар идома Саидумар Ҳусайнӣ ҳамзамон аз прокурори генералӣ дархост мекунад, ки ҳайатеро аз раҳбарияти ҳизб дар фурсати муносиб ба ҳузур бипазирад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста