Дар садри ҳаракати мухолифи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» шахсони нав интихоб шуданд.
Дар маълумоти аз ҷониби фаъолони ҳаракат интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки рӯзи 21 апрел маҷлиси навбатии Шӯрои созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» доир гардида, дар он Маъруф Лангарчиев роҳбари ҳаракат ва Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор муовини ӯ интихоб шудаанд.
Зимни маҷлис аъзои ҳаракат таъкид доштаанд, ки ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ки собиқ пешвои худ Мақсуд Иброҳимовро аз маҳбас озод кунанд.
Ёдрас мекунем, ки замоне маълумот дар бораи ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар сархати хабарҳо ҷой гирифт, ки ба роҳбари он Мақсуд Иброҳимов дар шаҳри Маскав ҳамла сурат гирифт. Он замон ӯ аз корд захмӣ шуда буд.
Мақомоти интизомии Русия он замон дар мавриди ин қазия иттилоъ дода буданд, ки бо хуб шудани вазъи солимии Иброҳимов, ӯ ба ҳабс гирифта мешавад.
Ахири моҳи январи соли равон Мақсуд Иброҳимов, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба ифротгароӣ гумонбар дониста мешавад, аз Русия ба ватан истирдод гардид.
Сардори Раёсати назорати қонуният дар мақомоти ВКД ва АНМН-и Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ризо Халифазода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд , ки роҳбари созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» ба ҳабс гирифта шуда, дар яке аз тавқифгоҳҳои муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Ӯ зикр карда буд, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парвандаи мазкурро муфаттишони ВКД Тоҷикистон тафтиш мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста